Беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои баландсифати солимии репродуктивӣ дар Тоҷикистон
Тавсифи лоиҳа: Мақсади лоиҳаи дусола ба татбиқ намудани стандартҳои нав оиди исқоти ҳамли бехавф ва нигоҳубини баъди исқоти ҳамл ва васеъ намудани дастрасӣ ба ҲСРШ мусоидат намудан мебошад. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур клиникае, ки дар он ҳамаи шароитҳо барои парасторӣ намудани мизоҷон (ҷавонони деҳот ва шаҳр, кормандони шаҳвонӣ ва занони муҳоҷир) ба тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад, бунёд хоҳад шуд. Клиника ба сифати маркази таълимотӣ барои гузаронидани тренингҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ, СУТ, ЮНФПА, ва АТОТ барои акушер гинекологҳо гузаронида мешавад. Тренингҳо мутобиқ ба меъёрҳои нави миллӣ оиди ба таври систематикӣ ҷамъ ва коркард намудани тафсирҳо барои беҳтаргардонии амалӣ намудани стандарти нав гузаронида мешавад.
Санаи оғоз ва анҷоми лоиҳа (рӯз/моҳ/сол):
Оғоз: 01 Апрели 2014
Анҷом: 31 Марти 2016
Моҳияти умумии лоиҳа:
Мусоидат намудан ба ҷорӣ кардани Стандарти Миллӣ оиди исқоти бехавфи ҳамл ва нигоҳубини пас аз исқоти ҳамл, ки соли 2012 аз ҷониби АТОТ барои таъмин намудани ҳамаи занон, аз ҷумла занони осебпазир, бо дастрасӣ ба хизматрасониҳои солимии репродуктивӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои баъди исқоти ҳамл ва банақшагирии оила коркард намудааст.
Мизоҷони лоиҳа:
Гуруҳи мақсаднок: ҷавонони дар деҳот ва шаҳр зиндагӣ кунанда, кормандони хизматрасонии шаҳвонӣ, занони муҳоҷирони тоҷик, шахсоне, ки бемории ВНМО доранд ва ҷавонони кӯча мебошанд. Аҳолии Тоҷикистон аз 8 миллион нафар иборат буда, аз 2 миллионаш мухоҷирони меҳнатие, ки берун аз кишвар фаъолият мекунанд. Баҳогузории сохтори исқоти ҳамл нишон медиҳад, ки 41%-и исқоти ҳамлкунандагон заноне мебошанд, ки шавҳаронашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.





