Лоиҳаи Инноватсионӣ: истифодаи усулҳои муосири коммуникатсионӣ барои беҳтар намудани интихоби солим дар байни ҷавонони Тоҷикистон
Дар доираи лоиҳаи мазкур барномаҳои мобилӣ, паёмакҳои кӯтоҳ ва сомонаи интернетӣ коркард мешаванд, ки онҳо маълумотҳо оиди саломатии репродуктивӣ ва методҳои танзими оиларо дар бар хоҳанд гирифт. Захираҳои мазкур мувофиқ ба меъёрҳои ахлоқӣ дорои маълумотҳои дуруст оиди маводҳои контрасептивӣ мебошанд. Моҳият ва муҳтавои мудохила дар асоси натиҷаҳои Фокус гурӯҳҳои бо ҷавонон гузаронидашуда ташкил дода мешаванд. Инчунин, ҷавонон бо ёрии лоиҳаи мазкур аз хизматрасониҳои ройгон ва махфии аз ҷониби ШТМҶ ва МСР пешниҳод мекарда, маълумот ба даст хоҳанд овард.
Дар ҷаҳон системаи мазкур, яъне истифодаи технологияи мобилӣ дар беҳтар намудани солимии репродуктивии ҷавонон, танҳо дар баъзе кишварҳо фаъол аст ва исбот карда шудааст, ки барномаҳои мобилӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва сатҳи фаҳмиши мардумро баланд мебардоранд. Барномаи мазкур ҳанӯз дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҳамсоя ҷорӣ карда нашудааст. Инчунин ҳеҷ кадоми онҳо дар асоси шабакаҳои иҷтимоии умумидастраси ройгони мобилӣ (ҳамҷун Viber) ташкил дода нашудаанд.
Бисёре аз иштирокчиёни фокус-гурӯҳҳо чунин ақида доранд, ки муҳокимаи ошкорои маводҳои контрасептивӣ ва қабули маълумоти дақиқ оиди роҳҳо ва методҳои истифодаи онҳо, ба беҳтар намудани муносибати ҷавонони имрӯза ва оянда нисбати маводҳои контрасептивӣ оварда мерасонад.

Натиҷаҳои лоиҳаи мазкур натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои дорои чунин таърих ва фарҳангу маданият манфиатнок хоҳанд буд. Онҳо натанҳо барои ФБТО, инчунин барои ташкилотҳое, ки хизматрасониҳои СРШҲ-ро пешниҳод намуда онро адвокатсия мекунанд, фоидаовар ва муҳим мебошанд. Мудохилаи мазкур барои пурра намудани дониши ҷавонон оиди аҳамияти технологияҳои муосир, хусусан истифодаи паёмакҳои мобилӣ, мусоидат хоҳад кард. Паёмакҳои дорои маълумоти исботгардида, ки ба детерминанҳо тариқи барномаи мобилӣ равон карда мешаванд, ба қабули маводҳои контрасептивӣ, инчунин контрасептивҳои баргардандаи дарозмуддат байни ҷавонон кӯмак мекунанд.
Ҳамкорӣ
Дар рафти амалисозии лоиҳа АТОТ бо сохторҳои давлатӣ – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Маркази миллии саломатии репродуктивӣ, Шӯъбаҳои тиббӣ – машваратии ҷавонон ва сохторҳои байналмилалӣ – ЮНФПА ва ЮНИСЕФ ҳамкорӣ мекунад.
Ҳамчунин, ҳангоми пайдо шудани зарурат, Шӯъбаҳои тиббӣ – машваратии ҷавонон ба лоиҳаи инноватсионӣ метавонанд шарикони давлатӣ, байналмилалӣ, роҳбарони динӣ ва ҷамъиятӣ, мактабҳо ва муаллимон, ташкилотҳои ҷавонон ва шӯрои падару модарон ҷалб кунанд.





