Аъзогӣ дар ассотсиатсия дар асоси яке аз ин ду категорияҳо мебошад:
- Аъзогии комилҳуқуқ:
Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад аъзои комилҳуқуқи АТОТ шавад, агар ӯ ҳадди ақал ба синни 18 солагӣ расида бошад, мақсаду вазифаҳои дар оинномаи мазкур дарҷ гардидаи ва инчунин тағироту иловаҳои ба он воридшавандаи Алиансро эътироф намояд, ҳаққи аъзогиро пардозад ва ба равнақи мақсаду вазифахои Ассотсиатсия саҳми ихтиёронаи худро гузорад. - Аъзогии ассотсиативӣ:
Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад аъзои комилҳуқуқи АТОТ шавад, агар ӯ ҳадди ақал ба синни 18 расида бошад, оинномаи иҷрокунандаро бо тағъирот ва иловаҳое, ки ворид карда мешаван қабул намояд, ва вобаста аз имкониятҳояш саҳми худро ба таври ихтиёрӣ барои расидан ба мақсад ва вазифаҳои АТОТ гузорад. Ариза ба аъзогии АТОТ барои шахсони вокеи и Ариза ба аъзогии АТОТ барои ташкилот:
Ҳамчун ташкилот аъзо шудан Ҳамчун шахси воқеӣ аъзо шудан
Аъзои комилҳуқуқи АТОТ ҳуқуқҳои зеринро доро мебошад:
- Дар Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия ва Маҷлиси Умумии Солонаи филиали он, дар рафти қабули қарор, овоз диҳад.
- Дорои танҳо як овоз аст. Овоз додан ба ҷои аъзои дигар, дар асоси ваколатнома, иҷозат дода шудааст.
- Пешниҳод намудани номзад ва ё худ номзад шудан, интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомотҳои идоракунанда ва назоратии Ассотсиатсия дар сатҳи миллӣ.
- Пешниҳод намудани тавсияҳо, мулоҳизаҳо ва нақшаҳои фаъолияти Ассотсиатсия, барои баррасӣ ба мақомотхои идоракунандаи Ассотсиатсия.
- Озод баён намудани фикру ақидаҳои худ.
- Истифода бурдани имтиёзҳои маънавӣ ва ҳуқуқии аъзоёни Алианс, ки ба таври даврӣ Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия тасдиқ менамоянд.
- Аз фаъолияти Ассотсиатсия огоҳ бошанд.
- Дар чорабиниҳои Ассотсиатсия иштирок намудан;
- Бе ягон мушкили Ассотсиатсияро тарк намудан;
- Дар асоси тартиби муқаррар кардаи қонун ба қарорҳои мақомотҳои Ассотсиатсия эътироз баён кардан;
Аъзои ассотсиативии Ассотсиатсия ҳуқуқҳои асосии дар бандҳои ҳукуқҳои аъзои комилҳуқуқ овардашударо доро мебошад, ба ғайр аз бандҳои 1. ва 2. Оинномаи мазкур.
Аъзои комилҳуқуқ ӯҳдадор аст:
- Ҳаққи аъзогӣ ва обунавиро дар вақт ва бо тартиби муқаррар карда пардозад;
- Дар Маҷлиси Умумии Солонаи филиал, ки онро намояндагӣ мекунад, иштирок намояд;
- Бо фаъолияти худ обрӯи Ассотсиатсияро нигоҳ дорад;
- Қарорҳои мақомотҳои идоракунандаи Ассотсиатсияро иҷро намояд.
Аъзои ассотсиативӣ ӯҳдадор аст:
- Бо фаъолияти худ обрӯи Ассотсиатсияро нигоҳ дорад;
- Қарорҳои мақомотҳои идоракунандаи Ассотсиатсияро иҷро намояд;
- Ҳамаи аъзоёни Ассотсиатсия бояд ба таври ройгон ба Ассотсиатсия хизмат расонанд, ба ғайр аз ҳолатхое, ки дар асоси шатрнома бо ФБТО (Федератсияи Байналхалқии Танзими Оила), пардохтани ҳаққи хизматрасонӣ иҷозат додашудааст ва ё дар ҳолатҳои ҷуброни хароҷотҳо.
- Ягон аъзои Ассотсиатсия ҳуқуқ надорад, ки аз хазинаи Ассотсиатсия, новобаста аз сарчашмахои хазина, қарз гирад.
- Қарор оиди қабули аъзоёни нав ва аз аъзогӣ озод кардан аз ҷониба раёсат дар асоси аризаи хаттӣ, қабул қарда мешавад. Аъзогӣ ба таври даврӣ дар Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия тасдиқ мешавад.
- Огоҳинома оиди баргузоргардии Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсияи минбаъда ва инчунин оиди дигар вохӯрихои мақомотҳои идоракунандаи Ассотсиатсия бояд ҳадди ақал 30 рӯз пеш аз оғозшавӣ, фиристода шавад.
- Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия метавонад воситаҳои мукофотониро нисбати аъзоёни худ истифода барад ва дар баробари ин чораҳои муҷозотиро дар холатҳои вайрон кардани муқаррароти оинномавӣ, истифода барад.
- Барои вайрон кардани меъёрҳои фалсафӣ, маданӣ ва сиёсии Ассотсиатсия ё рафторе, ки ба Ассотсиатсия зарар мерасонад Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия метавонад аъзогиро боз дорад. Президенти Раёсат рӯйхати шахсонеро, ки аъзогии онҳо бояд боз дошта шавад, ба баррасии Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия пешкаш менамояд ва шахсони зерин ҳуқуқ доранд, ки пеш аз баровардани қарор баёноти хаттӣ ва ё шифоҳии онҳо дар Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия баррасӣ карда шавад ва ба суд мурочиат намояд.
Барои барқарорнамоии аъзогӣ лозим аст:
- Ба Президенти Раёсат пешниҳод намудани аризаи хаттӣ оиди барқарор намудани аъзогӣ. Дар навбати худ Президенти Раёсат рӯйхати шахсонро барои барқарор кардани аъзогӣ, барои баррасӣ ба Маҷлиси Умумии Солонаи Аъзоёни Ассотсиатсия пешниҳод менамояд;
- Пардохти ҳаққи аъзогӣ.





